20 Июл 2023 - 21:51
Таъкиди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар идомаи гуфтугуҳои роҳбурдӣ дар қолаби Осиёи марказӣ – халиҷи Форс

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар аҳамияти барқарории гуфтугуҳои роҳбурдӣ дар қолаби Осиёи марказӣ ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс таъкид кард .

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи марказӣ ва Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, ки дар Ҷаддаи Саъудӣ баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.

Раҳмон дар суханони худ ҳамчунин омодагии тарафи Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкориҳои судманд дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва соири ҳавзаҳои мавриди алоқаи мутақобил аз ҷумла дар чорчӯби « Барномаи иқдоми муштарак барои солҳои 2023 - 2027 эълом кард.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ҳамчунин дар идома бо дар назар гирифтани потансиали барқи обии кишвараш бар алоқаи вижаи Душанбе ба ҷазби сармоягузории кишварҳои арабии халиҷи Форс барои тавсеаи энержии сабз таъкид кард.
Раҳмон дар идомаи суханони худ аз ҳавзаҳои энержӣ, саноъат аз ҷумла саноеъи сабуку ғизоӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ, гардишгарӣ, диҷиталисозии иқтисод, иттилоотӣ ва иртибототӣ, транзитӣ ва ҳамлу нақл ба унвони заминаҳои авлавиятдор барои иҷрои пружаҳои сармоягузорӣ ёд кард.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди соири заминаҳои ҳамкории умедворкунанда аз ҷумла эҷоди корхонаҳои муштараки фароварии маҳсӯлоти тозаи кишоварзӣ, иҷрои пружаҳои мухталифи тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл ва иртиботи дорои аҳамияти минтақаӣ, сохти ҷодаҳо ва роҳи оҳани модерн бо дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ суҳбат кард.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин бо Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон ва Қосимжомарт Тақоев- раиси ҷумҳӯри Қазоқистон ба сурати ҷудогона дидор ва масоили ҳамкории байни кишваҳояшонро баррасӣ карданд.

342/